Қобилияти дастрасӣ дар Kubuntu
- Мо мехоҳем, ки компютерҳо барои ҳама кор кунанд, новобаста аз ҳолати
ҷисмонии шумо. Барои ҳамин, мо абзорҳоеро таъмин мекунем, ки Kubuntu-ро яке
аз системаҳои омили аз ҳама дастраси ҷаҳон мекунанд.
- Шумо метавонед ба ин абзорҳо дар як ҷо дастрасӣ пайдо намоед: Қобилияти
дастрасӣ, дар дохили барномаи "Танзимоти Система". Аз он ҷо, шумо
метавонед абзорҳои фоиданокро ба мисли Тугмаҳои тағйирдиҳанда,
Филтрҳои клавиатура ва Ишораҳои фаъолсозӣ фаъол кунед.
- Аз хотир набароред, ки Хусусиятҳои намуди зоҳириро низ бинед. Шумо
метавонед сабкҳои визуалии гуногунро интихоб кунед, ва ҳатто шрифтеро, ки бо
барномаҳо истифода мешавад, тағйир диҳед.